МУҶАССАМАИ МЕҲРИ АПАИ НИГИНА


Унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон соли 1947 таъсис ёфта, ба ҳунармандони асил, онҳое, дода мешавад, ки дар рушду нумӯи санъати касбии тоҷик саҳми босазо гузоштаанд. То имрӯз қисмати зиёди ҳунармандон, аз ҷумлаи мардон, ки ин унвонро гирифтаанд, дар хизмати мардуманд, аммо аз байни занҳо ба ин унвон танҳо ду нафар сароянда сазовор гардида буданд.

Яке Ш. Назардодова, ки ду сол пеш ин дунёро тарк гуфт ва дигар ҳофизаи писандидаи хурду калон Нигина Рауфова, ки ӯ низ як моҳ пештар аз ин ба таври абадӣ аз олам чашм пӯшид.

Оре, ӯро мардум, дар ҳақиқат, дӯст медошт ва ҳамеша эҳтиромашро ба ҷой меовард. Сурудаш сарҳад надошт. Ба рағми аксари маҳалбозон, ки ҳунарманди ҳамдеҳа, ҳамшаҳр ва ё шиносу хешу табораш онҳоро каси дигар намешиносад, ҳамеша дар мадди назари мардум, яъне ба таври ҳақиқӣ ҳофизи халқ буд. Муддати қариб чил сол болои саҳна ҳунарнамоӣ кард, ин ҳама солҳо батадриҷ дар дилҳои мардуми суханпарвар ҷой гирифт, маҳбуби ҳамагон шуд.

Ӯро аксаран дар ҷумҳуриамон чӣ хурду чӣ калон бо меҳр «апаи Нигина» ном мебурданд. Садоқати мухлисонаш ба ӯ болу пари эҷодӣ мебахшид, мурғи илҳомаш ба дуриҳои дур парвоз мекард.Салиқаи ҳунариаш ба вай имкон дод, ки то охири умр маҳфилу маъракаҳои мардумро обод созад ва дар ҳама гуна вазъияти худ тавонист тӯю тамошои мардумро бо иштироки хеш рангин гардонад. Дар натиҷа мисли як Муҷассамаи меҳр тавонист дар синаҳои мардум нақши худро гузорад.

Ӯ, аслан, ҳеҷ кадом як мактаби мусиқиро ба итмом нарасондааст. Аз як деҳаи дурдасти кӯчаки Файзобод ба пойтахт омада, дар комбинати бофандагӣ заҳмат кашид. Зери садои чархҳои дуки моку замзама мекард. Бо ин ҳама фикру хаёл дар дунёи зебоӣ ва меҳнати ҳалоли бофандагӣ тавонист тораҳои қалби хешро бо торҳои дунёи санъат бипайвандад. Табиист, ки ин хунараш аз назари дигарон пинҳон намонд.

Аввалҳои соли шастуми қарни бистум ниҳоят ба дастаи ҳаваскорони комбинат шомил гардид.Овозаи истеъдоди худододаш ба гӯши Раиси қумитаи давлатии ҳамонвақтаи телевизион ва радиои Тоҷикистон А. Шукӯҳӣ ҳам расид. Раис дар бораи ҷалби ӯ ба ансамблҳои кумита бо роҳбарияти коргоҳ гуфтугӯ намуд, розигӣ доданд, аммо худи ӯ нахост. «Ман куҷою ҳофизӣ куҷо?, - гуфт. Раис ӯро ба назди Котиби аввали ҳизбӣ ҷаббор Расулов бурд. Духтараки соддаи деҳотӣ калӯшҳои худро дар пушти дари қабулгоҳи котиби аввал бароварда, ба кабинети ӯ ворид гашт.Чун аз ин амали ӯ котиби аввал ва раиси кумита бохабар шуданд, хандаи қаҳ – қаҳаи худро нигоҳ дошта натавонистанд…

Ҳамин дили содда ва зудбовараш ӯро то интиҳои умр дар таппиш буд. Аз ин пештар марги фарзанди дилбандаш қалби ӯро реш гардонд. Дар назар худро ҳамон гунае, ки буд, қавииродаю солор ва болидарӯҳ мегирифт, гӯё худро фиреб медод. Ӯ ҳар лаҳзаи умрро ғанимат медонист, аммо рӯзгор дигар – дигар будааст. Шояд марги оҳангсози ҷавону умедбаш, фарзанди дилбанди устодаш Соҳибқирони Нозим, ҳунарманди покизадил Зулфиқори Азиз, ҳамкор ва ҳаммаслакаш Абдуллои Султон, ҷавонмарг Сӯҳроби Сафарзод, билохира устоди бузурги санъати тоҷик Зафар Нозим қомати ӯро шикаст, балки дарун ба дарун сӯхт. Албатта, дили модаронааш ба ҳоли ҳар кадоме аз инҳо нолаи ҷонсӯз дошт, вале сар боло намуда, ба хотири болида доштани табъи мухлисонаш суруд хонд, аммо ба қавли устод Лоиқ:

Ин дил, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст?
Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст.

Ӯ зиндагии ҳамарӯзаро болои хок ғанимат шумурд, дили дӯстон ва дӯстдорони созу навояшро ба даст овард, вале пеши марг чораи дигар наёфт, ниҳоят дили дардошнояш аз таппиш бозмонд.
Манзараи реҳлати ӯ ба диёри хомӯшон дили сангро об мекард. Ҳавлии пур аз видоъкунандагон, суханони гиряолуди омадагон аз одамият, самимият ва шахсияти беназираш, аз ҳунари воло ва бузургии ҳамчун санъаткори асил буданаш дарак медод. Байни мардум хабари мудҳиши маргаш барқосо паҳн гардид. Касе бовар намекард, балки бовар надошт ва ба шахси гӯяндаи ин ҳарфи шум бо шубҳа менигарист, аммо аз ҳақиқат ҷойи гурез нест.

Ин лаҳзаҳои муассири рӯзро ҳунарпешаи маҳбубамон, дугонаи ҷонии ӯ Маҳбуба Боҳирова, ки чандин сол боз муқим шаҳри Москва мебошад, ин тавр баён намуд:

- Бо марҳум Нигина дугонаҳои наздик будем. Рӯзе, ки аз Тоҷикистон мерафтам, оби чашмонашро поккунон мегуфт, ки: «Боз бо ҳамин фаромӯшамон накунӣ, хабаргириамон биё, тез –тез телефон кардан гир, охир, бе худат зиқ мешавем».Ҳоло ҳамон лаҳзаҳои бо ҳам буданҳоро ба хотир меораму дилам тазъйиқ мешавад. Охир, дар зиндагӣ дӯсте пайдо намудан ҳамсони ӯ хеле душвор аст. Дар саҳни хавлияш Ману Мастона, Нуқраю Малика, Муҳаррамаю Лолабону – ҳама лол мондем. Такягоҳамон буд. Маҳбубабону ҳасрат кардаву хотираҳоро варақ мезад:

Вай ҳамагӣ ду се – чор рӯз пеш ба ман занг зад. Гуфт, ки биё, имсол Соли навро бо ҳам қайд мекунем. Бачаҳоям гуфтанд, ки очаҷон, баъд аз Соли нав равед, мо шуморо ҳамроҳӣ мекунем. Розӣ шудам, вале телефон ва исрорҳои пай дар пайи Нигина оромам намегузошт, мегуфт, ки не, биё баъд дер мешавад. Ростӣ, хеле ба андеша рафтам. Ниҳоят рӯзи душанбеи 22 - юми декабр дар Душанбе шудам. Аз фурӯдгоҳ занг задам, хурсанд буд, гуфт, ки пагоҳ вомехӯрем. Чунки дар ТВС суруди навамро сабт менамоянд, ду даҳон халқи азизамро бо иди Соли нав табрик ҳам мегӯям. Пагоҳ шуд, боз чӣ коре баромад.

Вохӯриамон ба чоршанбе вогузор гардид. Бояд дар хонаи Муҳаррама бо ҳамдигар вохӯрда, як дам фароғат мекардем, чунки Муҳаррама (шогирди марҳум) моро ба меҳмонӣ даъват намуда будааст. Насиб набудааст, аз роҳи дур ба дидорбиниаш дар вақташ омадаму рӯйи гармашро дида натавонистам. Саҳари солеҳон хабари фавташро шунида, гаранг шудам, боварам намеомад, вале афсӯс, ки хабари шум рост баромад(мегиряд). Ин ҳунарманди асил, дар ҳақиқат, дар дилу дидаҳои мардум бо санъати нотакрораш ҷой гирифта буд.

Аз соли 1971 чун ба ансамбли рубобчизанон пазируфта шуд, мардум имкон ёфтанд, ки минбаъд аз сурудҳои пурмазмун ва дилрасаш ҳаловат баранд. Баъди чор соли фаъолият ӯро ба Кумитаи Радио ва телевизиони Тоҷикистон пазируфтанд. Чанд муддат дар ансамбли «Шашмақом» - хонони ин даргоҳ фаъолият намуд. Баъдтар, аз соли 1989, ки ансамбли «Дарё» ташкил ёфт, ба он ҷо гузашт ва то охири умр фаъолияти эҷодиашро идома дод.

Дар давоми фаъолияти эҷодӣ ба сурудҳои мардуми халқҳои собиқ иттиҳоди Шӯравӣ низ завқ пайдо намуд. Ин аст, ки дар барномаҳои ҳунариаш сурудҳои ӯзбекӣ, туркманию озарӣ, русию арманӣ ва Дарию форсӣ низ ҷой доштанд. Сафарҳои зиёди ҳунариаш низ дар сайқали маҳораташ нақши муҳим гузоштаанд. Бо гурӯҳи кормандони ансамбли рубобчизанон дар Белоруссия, Молдавия ва соли 1978 бо ҳайати ансамбли рақсии «Лола» дар Фаронса баромад намудааст.

Аксари композиторони Тоҷикистон барояш оҳангҳо эҷод намудаанд, ҳамаи ин оҳангҳо бо вуҷуди такрор ба такрор садо доданашон боз ҳам гӯшнавоз хастанд. Маҳз суруди «Аскарбача» ( матн аз Абдулло қодирии Мумтоз) дар дили ҳазорон нафар мухлис, бахусус модарони тоҷик ҷой гирифт. Дар як давраи муайяни таърихӣ дар зери зам – замаи ин суруд фарзандони худро ба сафи қуваҳои мусаллаҳ гусел намуда, мактубҳои онҳоро замзамакунон қироат мекарданд.

Ин ҳама аз маҳорати баланди иҷрогари ин суруд марҳум Нигина Рауфова дарак медод. Дар яке аз сӯҳбатҳо муаллифи ин оҳанг шодравон Хайрулло Абдуллоев иброз дошта буданд, ки ҳамроҳи муаллифи матн Абдулло қодирии Мумтоз ин сурудро маҳз барои ӯ тайёр карда будем ва боварӣ доштем, ки танҳо ӯ метавонад ба суруди мо ҷон бахшад. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд ва ба ин васила ҳам номи муаллиф ва ҳам оҳангсозро машҳур гардонд».

Сурудҳои халқии «Нозам аз чашмонате», «Рубоиёти Файзобод», «Духтари каҷтоқӣ», «Кадат баландай», Наргиси шаҳло» - ро ҳатто новобаста ба матнаш кӯдакон низ замзама мекарданд. Минбаъд сурудҳои «Бӯйи гул» - и З. Шаҳидӣ, Кош медидам туро» -и ҷ. Обидпур, «Кокулони борон» - и Ф. Одинаев, «Ишқи хубон» - и А. Сафармамадов, «Сарзамини мо» - и М. Чумъаев ӯро чун ҳунарманди асили касбӣ дар байни мусиқишиносон машҳур гардонид.

Ба нигорандаи ин сатрҳо борҳо имкон даст додааст, ки бо марҳум Н. Рауфова дар утоқи корӣ ва маҳфилҳои мардум сӯҳбатҳо доштам. Ҳар гоҳ , ки ба сифати ровии тӯй ба мардум ӯро дурусттар шиносонданӣ мешудам, мегуфт: «Додари апа, маро ин қадар таъриф накун, охир хизмат ба халқ вазифаи ҷонии мост». Вақте ба ҳавлии соҳибони тӯй ворид мешудем, ҳама занону духтарон гирд мекарданд, аз суратгирону наворбардорон хоҳиш мекарданд, ки онҳоро ҳамроҳи апаи Нигина ба навор бигиранд. Вай низ мефаҳмид, ки ба дили мардум наздик аст дарди дилашонро месарояду ӯро дӯст доштаанд, рад намекарданд.

Бо занҳои дока бар сар, ки яқин аксари онҳоро бори аввал медид, ба бӯсобӯсиашон ҳамин тавр ҷавоб медод. Ин қадар самимӣ, ин қадар бе савлату бе такааббур. Чун садои мусиқиаш баланд мешуд, мардум аз шодӣ каф мекӯфтанд, аз нигоҳи ҳама хонда мешуд: «Ҳо, ана, ҳоло апаи Нигина мехонад». Дар гирди дастурхон ва дар бозгашт ба ҳамроҳонаш мегуфт, ки мо, санъаткорон, бояд намаки мардумро пос дорем, аз онҳо бар ивази андак хизматамон пули калон талаб накунем, шароитро фаҳмидан даркор, дидед, ки чӣ тавр иззату икром карданд, шукр гуфтан даркор». Хуллас, мактаби ҳунарӣ ва мактаби одамгариаш низ боло буд.

Марҳум Нигина Рауфова барои саҳми муносибаш дар тарғиби санъати касбӣ бо унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаю медалҳо мукофотонида шудааст. Дар байни бонувони ҳунарманд аввалин ҳунарпешаест, ки ба Мукофоти давлатии устод Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Муҳимтар аз ҳама дар байни халқ маҳбубияти хоса дошт ва ҳамин дӯстдории мардум то охир боқӣ монд. Хотираи ин инсони шариф ва ҳунарманди асил, иншооллоҳ, дар дилҳои мардуми тоҷик абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Ҳотами Ҳомид, «Чархи гардун»

Комментариев нет:

Отправить комментарий