МЕҲРИНИГОРИ РУСТАМ: «ЗОДРӮЗИ МАНУ АПАИ ШАБНАМ ДАР ЯК РӮЗ АСТ»


- Меҳринигор, аз санъаткорони тоҷик киҳоро эҳтиром мекунед?

- Ҳама ҳунармардонро дӯст медораму эҳтиром мекунам, вале бештар ба сурудҳои Зикруллоҳ Ҳакимов ва Шабнами Сурайё таваҷҷӯҳ дорам, ҳамеша дар хона сурудҳои ин ду ҳанарманди хушсадою шинохтаро гӯш мекунам, ҳатто тамоми таронаҳои сурудаи Шабнаму Зикруллоҳро азёд медонам.

- Бо онҳо ҳамкорӣ ва ё дӯстӣ доред?

- Чаро не, онҳоро ҳамчун устод эҳтиром мекунаму дӯст медорам, пайваста тариқи телефон ҳамсӯҳбат шуда, аз ҳолу аҳволи ҳам бохабар мешавем, дар рӯзҳои ид бо паёмакҳоямон ҳамдигарро табрик мекунем… Ҳамчунин бояд қайд кунам, ки зодрӯзи ману апаи Шабнам дар як рӯз аст, бинобар ин, дар рӯзи мавлудамон мо ҳамдигарро табрики мекунем.

- Аз кай ҳис кардед, ки истеъдоди овозхонӣ доред?

- Ман дар оилаи санъаткор ба дунё омадаам ва ин ҳунари авлодии мост. Модарам нақл мекунанд, ки ҳангоми таваллуд ман бо садои гиряи баланд ба дунё омадаам ва ҳамон вақт момодояам гуфтааст, ки ин духтарак оянда сароянда мешавад, садои форамашро бинед…

- Яъне андешаи момодоя дуруст баромад…

- Бале. Баъдан рӯзе бо модарам ба хонаи кадом як хешамон ба меҳмонӣ рафтаем ва ҳангоми ба хона баргаштан модарам дар роҳ маро гум карда будаанд. Пас аз ҷустуҷӯи зиёд маро дар назди театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ миёни мардуми зиёди ҷамъомада машғули сурудхонӣ пайдо намуданд. Байни мардуми назди ман ҷамъшуда Лутфулло Давлатов низ будааст ва ба модарам гуфтааст, ки духтарат санъаткори хуб мешавад, садои ширин дорад.

- Шумо, ки зиёд ба сафарҳои ҳунарӣ меравед, фикр мекунам, забонҳои хориҷиро хуб медонед…

- Дар мактабе, ки банда таҳсил мекунам, яъне таълимгоҳи байналмилалӣ, тамоми дарсҳо бо забони англисӣ мегузаранд. Аммо дар сафарҳои ҳунарӣ на танҳо бо забони тоҷикӣ ва англисӣ, балки русӣ, туркӣ ва озарӣ суруд мехонам. Ба наздикӣ Худо хоҳад бо забони фаронсавӣ суруд мехонам.

- Бо ин забонҳо муошират низ карда метавонед?

- Ба қадри имкон сӯҳбат мекунам.

-Дар зиндагӣ аз чӣ метарсед?

- Аз овозаю ҳангома. Баъзан шабҳо фикр мекунам, ки ҳамон шахсони овозагар ё худ ҳамнгомапаҳнкунандагонро кӣ маош медода бошад? Дар ҳоле, ки аз ин амалашон фоидае намегиранд, пас чаро ба ин даст мезананд? Бовар кунед, ҳайрон мешавам.

- Мошин ронда метавонед?

- Ҳоло на, аммо кӯшиш мекунам, ки оянда ба мактаби ронандагие ҳуҷҷат супорида, рондани мошинро хуб аз худ кунам.

- Барои сӯҳбат раҳмат.

- Саломат бошед.

Мусоҳиб Наврӯзи Хуррамзод, «Зан ва мард»

Комментариев нет:

Отправить комментарий