Садриддини Наҷмиддин ва Ғизол Иноят (ВИДЕО)


Садриддини Наҷмиддин, овозхони шинохтаи тоҷик пешниҳоди Ғизол Иноят, сарояндаи ҷавони афғони муқими Канада, барои иқомати доимӣ дар ин кишвари Амрикои шимолиро рад кардааст.


Дар ҳоле, ки бисёриҳо аз Тоҷикистон барои беҳбуди зиндагӣ ба хориҷ мераванд, Садриддини Наҷмиддин ба пешниҳоди Ғизол дар мавриди зиндагӣ дар Канада чунин посух дод: “Ростӣ, фикр мекунам, ҳар нафаре, ки имконият дошта бошад дар Ватан зиндагӣ кунад, ӯ ҳамеша дар Ватан зиндагӣ хоҳад кард. Ман ҳам орзу мекунам, ҳамеша ҳар ҷое, ки рафтам боз ба Ватан баргардам”.

Ин суҳбати Ғизолу Садриддин дар як муроҷиатномаи видеоияш ба муносибати консертҳои муштракашон дар Канада сурат гирифт, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт. Овозхони тоҷик ба суоли Ғизол дар мавриди нахустин истилоҳи ёдгирифтааш дар Канада гуфт, нахустин чизе, ки дар Канада ёд гирифтам, “Тime is everything” - вақт ҳамаи чиз аст ва арзиши зиёд дорад.

Овозхонҳо иттилоъ доданд, ки консерташон 9-уми июл дар Торонто, 10 дар Монтереал, 16-уми июл дар Ванкувер ва 17-уми июл дар Калгарӣ дар назар аст. Ғизол Иноят мегӯяд, консертҳояшон дар Канада аз консертҳои қаблӣ, комилан мутафовит хоҳанд буд: “Зеро омодагии сахт дидем ва мухлисонро дар консертҳо “сюрприз” интизор аст”.

Силсиласафарҳои Садриддину Ғизол аз Душанбе шурӯъ гардид. 20,21 ва 22 марти соли равон бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доданд. Ҳамкории ин ду сароянда соли сипаришуда баъди суруди муштараки “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбон оғоз шуд. Ин тарона зуд маъруф гардид. Ба дунбол Садриддину Ғизол чанд таронаи дигари муштаракро вориди бозор намуданд.




«Озодагон»

Комментариев нет:

Отправить комментарий