Нашри клипи нави Садриддин ва Ғизол (ВИДЕО)


Ширкати продюсерии “Қиём интертеймент” видеоклипи нави Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик ва Ғизол Иноят, сарояндаи афғонро нашр кардааст.


Видеоклипи нав зери унвони “Номи ту бошад дар лабам”, аз ҷониби коргардон Ромин Мансур дар шабакаи Ютуб пешниҳоди мухлисон шудааст.

Ин дуввумин клипи муштараки Садриддин бо Ғизол буда, дар соли сипаришуда таронаи “Ҷони ман”-и равоншод Кароматуллоҳи Қурбонро бозхонӣ карда буданд. Навори бозхонии “Ҷони ман” аз ҷониби Садриддин ва Ғизол танҳо тайи се моҳ дар Ютуб марзи як миллион бинандаро убур кард, ки барои Тоҷикистон “рекорд” мебошад. Феълан теъдоди бинандаҳои клипи қаблии Садриддин ва Ғизол аз ҳадди 2,5 миллион нафар гузаштааст.

Видеоклипи нави Садриддин ва Ғизол:



«Озодагон»

Комментариев нет:

Отправить комментарий