Нашри клипи нави Нигина ва Дамирбек (ВИДЕО)

Клипи нави Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов, хонандаҳои шинохтаи тоҷик дар интернет нашр шудааст.

Ин клип бар пояи таронаи “Ранҷидаӣ” таҳия шуда, оҳанги он мавригӣ гуфта мешавад. Нигина ва Дамирбек дар гузашта ҳам як таронаи мавригӣ иҷро карда буданд, ки ба таври бесобиқа шуҳрат ёфт. Ин таронаро, ки соли 2014 таҳия шуд, на танҳо тоҷикистониҳо, балки форсизабонҳо низ хуб қабул карданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз он зиёд тавсиф шуд.
Ба дунбол моҳи ноябр Нигина Амонқулова ва Дамирбек Олимов дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти муштарак баргузор карданд.
Ҳамкории Нигина ва Дамирбек соли 2011 бо нашри суруди муштараки “Ялалум” оғоз шудааст.

"Озодагон"

Комментариев нет:

Отправить комментарий