Нигина: Гуларӯси замона манам (ВИДЕО)


Нигина Амонқулова, овозхони ҷавони тоҷик, суруди наваш зери унвони “Арӯси замонавӣ”-ро пешниҳод кардааст, ки матни он ба Орзу Исоеву Ризо Рад ва оҳангаш ба Муғтадо Гарбавӣ тааллуқ дорад.

Суруди нави Амонқулова ба мавзӯи муҳаббат бахшида шуда, “саундтрек”-и филми “Арӯси замонавӣ-2” мебошад, ки ба наздикӣ дар кинотеатрҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

“Арӯси замонавӣ” сеюмин суруди ҷадиди Нигина Амонқулова дар соли 2016 мебошад. Аз ин пештар ин овозхон суруди “Пурнурам”-ро пешниҳоди мухлисон кард, ки матни он ба Орзу Исоев ва оҳангаш ба Даврони Раҳматзод тааллуқ дорад. Нахустин суруд ва клипи Нигина дар соли 2016 "Ёри мусофир" буд, ки ба мавзӯи муҳоҷирон бахшида шуда, ҳаводорони зиёдро пайдо кардааст.

Суруд ва лаҳзаҳо аз филми "Арӯси замонавӣ-2"



«Озодагон»

Комментариев нет:

Отправить комментарий